Ахборот дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Шаш моҳи соли 2016 
АХБОРОТ
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар шаш моҳи соли 2016 барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки аз оинномаи корхона, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2016 сол бармеояд ва инчунин барои иҷрои қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 26.03 2014 таҳти №202 кӯшиш ба харҷ дода ба чунин нишондодҳои истеҳсолию-молиявӣ муваффақ гашт:
-       Нақшаи даромад аз рӯи нақша 364200 сомонӣ, иҷро шуд 436698 сомонӣ, яъне ба андозаи 120 % иҷро шуд.
-       Нақшаи фоида 33114 сомонӣ, иҷро шуд 68774 сомонӣ, яъне ба андозаи 207% иҷро шуд.
-       Ба 134 манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳо шиносномаҳои техникӣ тартиб дода шуданд.
-       Ба 524 адад манзилҳои истиқоматӣ тағйироти ҷорӣ ворид карда шуд.
-       Ба 223 адад шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд.
-       Дар бойгонии корхона 20462 адад шиносномаҳои техникии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ мавҷуд буда 314 адади он пурра ба намуди рақамӣ (электронӣ) табдил дода шудааст.
Дар шаш моҳи сипаригашта бо ташшабуси маъмурияти корхона баҳри амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2016 сол омадааст ва омӯзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1504 аз 30 августи соли 2013 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо бо намояндагони сохторҳои  судӣ, прокуратура, амният ва дигар мақомотҳои қудратӣ гузаронида шуд.
Ба муносибати ҷашни иди байналмиллалии Наврӯз коллективи корхона бо иқдоми хайрхоҳона баромад намуда, тӯйи дастаҷаъмонаи 30 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷмандони шаҳри Қўрғонтеппаро гузаронид. Дар ин маърака раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амирулло Асадулло иштирок карданд. Дар ин кори савоб кормандони корхона низ саҳмгузоранд. Онҳо аз ҳисоби шахсии худ ҷамъ 3700 сомонӣ харҷ намуданд.
Корхона бахшида ба муносибати таҷлили 71-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иқдоми хайрхоҳона баромад намуда, аз ҳисоби фоидаи соф ба 14 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа истиқомат мекунанд ва ташкилоти ҷанговарони башардӯст ба миқдори ҷамъ 1070 сомонӣ кӯмак расониданд.
Кормандони корхона барои омодагӣ баҳри истиқболи сазовор пешвоз гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳо доир ба маъракаи “190-рӯзи ободонии шаҳри Қӯрғонтеппа” дар ҳама шанбегиҳои умумишаҳрие, ки аз аввали сол шуда гузаштанд, фаъолона иштирок намуданд. Ҳар як корманди корхона 4 ниҳолӣ (ҷамъ 110 адад ниҳоли сӯзанбарг) ва 120 дона ниҳоли гули садбарг аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ҷамъ ба миқдори 1628 сомонӣ сарфа карданд ва ин ниҳолҳо дар кӯчаҳои Борбад ва Ҷ. Балхӣ шинонида шуданд.
Кормандони корхона дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва шаҳр доимо фаъолона иштирок менамоянд. Дар тамоми чорабиниҳои ҷамъятиву сиёсӣ ва варзишии шаҳр пешсаф мебошанд. Рӯзи 15.05.2016 сол барои иштироки фаъолона дар “Рӯзи Дави Миллӣ” бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон” таҳти унвони “Солимии ҷавонон-солимии миллат” корхона бо Ифтихорномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд. Барои иштирок ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 22 майи соли 2016, инчунин барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ дар участкаи райъпурсӣ барои овоздиҳандагон ва саривақт ташкил намудани корҳои иттилоотӣ корхона бо Сипосномаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амирулло Асадулло сарфароз гардонида шуд.
Дар корхона бахшида ба иди “Ваҳдати миллӣ” ва истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон плакату шиорҳо овезон карда шудаанд.
Барои пурра ҳуҷҷатгузорӣ намудани амволҳои ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгиранд, мутахассисони корхона ба шаҳрвандон зиёда аз 470 даъватнома тақсим намуданд.
Дар моҳи ҳисоботӣ ба шӯъбаи бақайдгирӣ 221 дархост оиди гузаронидани амалиётҳои хариду фурӯш, мерос, гарав, ҳадя, тақсимот ва бақайдгирии давлатӣ ворид гардид, ки ҳамаи он аз тарафи мутахассисон иҷро гашт. Ба шӯъбаи заминсозӣ 24 адад дархост оиди тартиб додани парвандаи заминсозӣ ва гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ворид гашт, ки ҳамаи он ҳалли худро ёфт.    
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳукумати шаҳр, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, судҳо, прокуратура, амният ва дигар мақомотҳои қудратӣ ва инчунин шаҳрвандон 74 адад мактуб ворид шуд ва ба суроғаи ташкилотҳои дар боло номбаршуда 77 адад мактуб содирот шуд.
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар шаш моҳи соли равон ба оилаҳои камбизоат, ташкилотҳои хайриявӣ, ва шахсони ба кӯмак мӯҳтоҷ ба маблағи 14940 сомонӣ кӯмакпулӣ расонидааст.
Роҳбарияти корхона барои бартараф намудани камбудиҳо дар шӯъбаи заминсозӣ, ки сабаби эърод гирифтани раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амирулло Асадулло гардид, нисбати кормандони ин шӯъба чораҳои интизомӣ дида баромада шуд.
Қабули шаҳрвандон ва бо сифати баланд хизмат расондан, ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти корхона мебошад.
КДФ “БММҒ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро намуда, ҳама супоришҳои ташкилотҳои дар боло қайдшударо саривақт ба иҷро расонад.
 
15.07.2016
Мутахассиси иттилоотӣ:
Сановбар Муродова

 

 

 

 

Суроғаи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи С. Мирзоев-24а

Tелефон: +(992) 3222-2-38-43
Почтаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.