Хизматрасониҳо
 

Хизматрасониҳо

Фаъолияти асосии Корхона бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи молу мулки ғайриманқул, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии дигари корхона ин тартиб додани парвандаҳои заминсозӣ барои бо сертификат таъмин намудани истифодабарандагони замин мебошад. Бо ин мақсад  рӯихати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшавандаро тасдиқ ва тартиби таҳияи парвандаи заминсозиро назорат мекунад. Ҳамчунин барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқулро тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад, шиносномаи техникиро тайёр мекунад ва корҳои заминсозӣ, аз ҷумла парвандаи заминсозӣ ва ташхиси ин гуна парвандаҳоро ба субут мерасонад. Бақайдгирии давлатии объектҳои таъиноти махсус, шартномаҳои ипотекӣ ва ҳабси иншоот, истифодабарии якумраи меросӣ, бемӯҳлат, мӯҳлатнок, иҷораи қитъаи замин ва дигар масъалаҳои марбут ба молу мулки ғайриманқул низ ба вазифаҳои оиномавии  Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Қӯрғонтеппа дохил мешаванд.

 

 

 
 
Намуди хизматрасониҳо:
 
Истифодабарии якумраи меросии қитъаи замин;
Истифодабарии бемӯҳлатноки қитъаи замин;
Истифодабарии мӯҳлатноки қитъаи замин;
Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегонакунии он;
Иҷораи қитъаи замин;
Пешбурди хоҷагидорӣ;
Идоракунии ваколатӣ;
Идоракунии оперативӣ;
Иҷора бо мӯҳлати зиёда аз як сол иҷораи фаръӣ, беподош истифодабурдани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, бинои ҷудогона;
Ниҳолҳои бисёрсола;
Бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои ҷудогона, , иншоот ва сохтмони нотамом;
Сервитут;
Шартномаҳои гарави молу мулки ғайримунқул (ипотека);
Ҳабс;
Муқарар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайримунқул дар натиҷаи эътирофи он ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангӣ;
Муқарар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайримунқул дар натиҷаи хизматрасонии хати барқгузор, кубурхатҳо ва дигар иншоотҳои муҳандисӣ.
 
 

Суроғаи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи С. Мирзоев-24а

Tелефон: +(992) 3222-2-38-43
Почтаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.