Дар бораи мо

Дар бораи мо

  
Корхонаи Воҳиди Давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» шахси ҳуқуқӣ буда дар асоси моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ таъсис дода шудааст. Корхона бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 88 таъсис ёфтааст.
Муассиси корхона Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа мутобиқи фармони Корхонаи Воҳиди Давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” аз 25.12.2014 № 269 таъсис дода шуда, фаъолияти худро аз 02.01.2015 сол оғоз намудааст. Фаъолияти асосии Корхона бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи молу мулки ғайриманқул, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии дигари корхона ин тартиб додани парвандаҳои заминсозӣ барои бо сертификат таъмин намудани истифодабарандагони замин ва тайёр намудани шиносномаи техникӣ ба молу мулки ғайриманқул мебошад.
Корхона дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ипотека», санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба замин, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи ҳайати мушовара ва фармонҳои Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Корхона фаъолияти худро дар асоси ҳисоби хоxагидорӣ ва худмаблаuгузорӣ ба роҳ монда дар асоси кору хизматрасони хароxотҳои худро xуброн менамояд.
Корхона дар фаъолияти худ корҳои зеринро амалӣ менамояд:
-тасдиrи руйхати ҳуxxатҳои барои баrайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда, шакл ва rоидаҳои пешбурди ҳуxxатҳои фехристи ягонаи давлатии молу мулки uайриманrул ва ҳуrуrҳо ба он, дигар ҳуxxатҳои истифодабарии баrайдгирандагон;
-назорати дурустии анxомдиҳии амалиёти баrайдгирии баrайдгирандагон;
-таҳия ва тасдиr тартиби баrайдгирии шартномаҳои ипотека ва ба фехристи ягонаи давлатӣ дохил намудани он;
-назорати тартиби таҳияи парвандаҳои заминсозӣ;
-баруйхатгирии техникии молу мулки uайриманrул ва санxиши тавсифи молу мулки uайриманrулро тибrи тартиби муrаррарнамудаи маrоми махсуси ваколатдори давлатӣ;
-ба rайди давлатӣ гирифтани объектҳои таъиноти махсус;
-сабти баrайдгирӣ ва rатъи шартномаҳои ипотека.
Сохтори идоракунии корхона чунин муқаррар шудааст:
-Директори корхона;
-муовини директор оид ба заминсозӣ;
-муовини директор оид ба барӯйхатгирии техникӣ;
-шӯъбаи заминсозӣ;
-шӯъбаи барӯйхатгирии техникӣ;
-шӯъбаи бақайдгирии давлатӣ;
-шӯъбаи муҳосибот;
-шӯъбаи бойгонӣ;
-бахши ҳуқуқ ва кадрҳо:
Дар корхона ҷамъ 34 нафар кормандон кор ва фаъолият мекунанд.
 

 

 

 

 

Суроғаи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи С. Мирзоев-24а

Tелефон: +(992) 3222-2-38-43
Почтаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.