Ахбороти моҳи сентябр
Ахбороти моҳи сентябр
А Х Б О Р О Т
      Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ҳашт моҳи соли 2016 барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки аз оинномаи корхона, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2016 сол бармеояд ва инчунин барои иҷрои қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 26.03 2014 таҳти №202 кӯшиш ба харҷ дода ба чунин нишондодҳои истеҳсолию-молиявӣ муваффақ гашт:
-       Нақшаи даромад аз рӯи нақша 485600 сомонӣ, иҷро шуд 591496 сомонӣ, яъне ба андозаи 121 % иҷро шуд.
-       Нақшаи фоида 44152 сомонӣ, иҷро шуд 94370 сомонӣ, яъне ба андозаи 213% иҷро шуд.
-       Ба 165 манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳо шиносномаҳои техникӣ тартиб дода шуданд.
-       Ба 711 адад манзилҳои истиқоматӣ тағйироти ҷорӣ ворид карда шуд.
-       Ба 281 адад шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд.
-       Дар бойгонии корхона 20489 адад шиносномаҳои техникии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ мавҷуд мебошад.
Кормандони корхона барои омодагӣ баҳри истиқболи сазовор пешвоз гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шанбегиҳои умумишаҳрие, ки дар моҳҳои июл ва август шуда  гузаштанд, фаъолона иштирок намуданд. Нуқтаи кории корхона аз роҳи давродаври назди бинои “Шаҳло” дар кӯчаи ба номи С. Айнӣ то назди амборҳои идораи савдои шаҳр, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба корхонаи мо вобаста карда шуда буд, кормандон 5-нафарӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида,  ҳар бегоҳ аз соати 17 то 19 ва рӯзҳои шанбе дастаҷамъона рафта корҳоро ба сомон мерасониданд. Ҳамаи корҳо бо сифати баланд иҷро гардиданд.
Дар корхона низ, корҳои ободу зебогардонии гирду атроф ва ҳавлии корхона иҷро шуданд. Дар қитъачаҳои замини берун ва даруни корхона тухми алафи ҳамешасабз (газон) корида шуд. Аз корхонаи “Боғбунёд” барои ороиши саҳни ҳавлии корхона 6-адад қуттидонҳои гулҳои зебои мавсимӣ харидорӣ шуданд. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиору плакатҳои нав овезон карда шуданд. Бар замми ин аз 01.08. то 25.08.2016 сол кормандони корхона дар майдон ва теппаи марказии шаҳр барои аз тарафи бадахлоқон поймол накардани гулгаштҳо ва осеб надидани манзараҳои зебои оросташуда, навбатдории ихтиёрии шабонавӣ ташкил намуданд. Инчунин аз 20.08 то 24.08.2016 сол 11 нафар кормандони корхона ҳамарӯза дар шанбегии умумишаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд. Инчунин дар корхона низ навбатдории шабонарӯзӣ баҳри бехатарӣ ва таъмини оромӣ дар давраи  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.
Дар пазироии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 25-уми августи соли 2016 дар варзишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, 10 нафар кормандони пешсафи корхона даъват ва иштирок намуданд.
Барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ омода намудани истиқбол, пазироӣ ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, директори корхона мӯҳтарам Камолов С.У. бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа қадр карда шуд.      
Дар моҳи ҳисоботӣ ба шӯъбаи бақайдгирӣ 211 дархост оиди гузаронидани амалиётҳои хариду фурӯш, мерос, гарав, ҳадя, тақсимот ва бақайдгирии давлатӣ ворид гардид, ки ҳамаи он аз тарафи мутахассисон иҷро гашт. Ба шӯъбаи заминсозӣ 25 адад дархост оиди тартиб додани парвандаи заминсозӣ ва гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ворид гашт, ки ҳамаи он ҳалли худро ёфт.    
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳукумати шаҳр, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, судҳо, прокуратура, амният ва дигар мақомотҳои қудратӣ ва инчунин шаҳрвандон 35 адад мактуб ворид шуд ва ба суроғаи ташкилотҳои дар боло номбаршуда 66 адад мактуб содирот шуд.
Дар ҳашт моҳи соли 2016 ба миқдори 15260 сомонӣ ба оилаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ташкилотҳои хайрияи шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмакпулӣ расонида шуд.
Қабули шаҳрвандон ва бо сифати баланд хизмат расондан, ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти корхона мебошад.
КДФ “БММҒ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро намуда, ҳама супоришҳои ташкилотҳои дар боло қайдшударо саривақт ба иҷро расонад.
 
22.09.2016
Мутахассиси иттилоотӣ:
Сановбар Муродова
 

 

 

 

Суроғаи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи С. Мирзоев-24а

Tелефон: +(992) 3222-2-38-43
Почтаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.