Ахбороти моҳи май

 

Ахбороти моҳи май
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва шаҳр доимо фаъолона иштирок менамоянд. Дар тамоми чорабиниҳои ҷамъятиву сиёсӣ ва варзишии шаҳр пешсаф мебошанд. Ин аст, ки роҳбари корхона дар участкаи райъпурсии умумихалқии №14 раиси участка пешбар шуда буд. Барои иштирок ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 22 майи соли 2016, инчунин барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ дар участкаи райъпурсӣ барои овоздиҳандагон ва саривақт ташкил намудани корҳои иттилоотӣ корхона бо Сипосномаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амирулло Асадулло сарфароз гардонида шуд. 
АХБОРОТ
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар панҷ моҳи соли 2016 барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки аз оинномаи корхона, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2016 сол бармеояд ва инчунин барои иҷрои қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 26.03 2014 таҳти №202 кӯшиш ба харҷ дода ба чунин нишондодҳои истеҳсолию-молиявӣ муваффақ гашт:
-    Нақшаи даромад аз рӯи нақша 303500 сомонӣ, иҷро шуд 369858 сомонӣ, яъне ба андозаи 121 % иҷро шуд.
-    Нақшаи фоида 27595 сомонӣ, иҷро шуд 64283 сомонӣ, яъне ба андозаи 233% иҷро шуд.
-    Ба 113 манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳо шиносномаҳои техникӣ тартиб дода шуданд.
-    Ба 455 адад манзилҳои истиқоматӣ тағйироти ҷорӣ ворид карда шуд.
-    Ба 204 адад шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд.
-   Дар бойгонии корхона 20441 адад шиносномаҳои техникии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ мавҷуд буда 276 адади он пурра ба намуди рақамӣ (электронӣ) табдил дода шудааст.
Корхона бахшида ба муносибати таҷлили 71-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иқдоми хайрхоҳона баромад намуда, аз ҳисоби фоидаи соф ба 14 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа истиқомат мекунанд 50 сомонӣ ҷамъ 700 сомонӣ кӯмак расониданд.
Кормандони корхона доимо дар чорабиниҳои ҷамъиятии шаҳр фаъолона иштирок менамоянд. Рӯзи 15.05.2016 сол барои иштироки фаъолона дар “Рӯзи Дави Миллӣ” бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон” таҳти унвони “Солимии ҷавонон-солимии миллат” корхона бо Ифтихорномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
Дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳо доир ба маъракаи “190-рӯзи ободонии шаҳри Қӯрғонтеппа” кормандони корхона аҳлона ҷамъ 26 нафар дар шанбегии умумишаҳрӣ, ки рӯзи 28.05.2016 сол шуда гузашт, фаъолона иштирок намуданд.
Кормандони корхона дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва шаҳр доимо фаъолона иштирок менамоянд. Дар тамоми чорабиниҳои ҷамъятиву сиёсӣ ва варзишии шаҳр пешсаф мебошанд.
Дар моҳи ҳисоботӣ ба шӯъбаи бақайдгирӣ 215 дархост оиди гузаронидани амалиётҳои хариду фурӯш, мерос, гарав, ҳадя, тақсимот ва бақайдгирии давлатӣ ворид гардид, ки ҳамаи он аз тарафи мутахассисон иҷро гашт. Ба шӯъбаи заминсозӣ 25 адад дархост оиди тартиб додани парвандаи заминсозӣ ва гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ворид гашт, ки ҳамаи он ҳалли худро ёфт.    
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳукумати шаҳр, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, судҳо, прокуратура, амният ва дигар мақомотҳои қудратӣ ва инчунин шаҳрвандон 58 адад мактуб ворид шуд ва ба суроғаи ташкилотҳои дар боло номбаршуда 94 адад мактуб содирот шуд.
Дар чор моҳисоли 2016 бамиқдори 3500сомонӣ ба оилаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ташкилотҳои хайрияи шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмакпулӣ расонида шуд.
Қабули шаҳрвандон ва бо сифати баланд хизмат расондан, ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти корхона мебошад.
 
 
7.06.2016
Мутахассиси иттилоотӣ:
Сановбар Муродова
 
 
 

 

 

 

Суроғаи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи С. Мирзоев-24а

Tелефон: +(992) 3222-2-38-43
Почтаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.