Ахбороти дувоздаҳ моҳи 2016
Ахбороти дувоздаҳ моҳи 2016 
А Х Б О Р О Т
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013 таҳти №88 «Дар бораи масъалаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», моҳи январи соли 2015 ташкил шуда аз 1-уми январи соли 2016 ба фаъолияти пурраи бақайдгирӣ оғоз намуд. Дар корхона 33 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии кормандон 25 нафари онҳо аъзоёни ҲХД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.     
Корхона дар дувоздаҳ моҳи соли 2016 кӯшиш ба харҷ дода, ба чунин нишондодҳои истеҳсолию-молиявӣ муваффақ гашт:
-       Ҳаҷми иҷрои корҳо аз рӯи нақша 728400 сомониро ташкил медод, иҷроиши он ба 920628 сомонӣ, яъне ба андозаи 126 % расонида шуд, ки 192228 сомонӣ нисбати нақша зиёд мебошад.
-       Ҳаҷми фоидаи корхона аз рӯи нақша 66828 сомонӣ, иҷро шуд 132642 сомонӣ, яъне ба андозаи 269%.
Ба буҷаи шаҳр 233854 сомонӣ аз ҳисоби андозҳо, 106090 сомонӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ пардохта шуд. Корхона ба ҳолати 31.12.2016 аз ҳисоби  андоз қарздор нест. Ба коргарон ба маблағи 462525 сомонӣ музди меҳнат дода шуд.
Дар дувоздаҳ моҳи соли равон ба корхона 2491 адад дархост оиди гузаронидани амалиётҳои зерин ворид гардид, ки ҳамаи он аз тарафи мутахассисон баррасӣ гардида, ҳалли худро ёфтанд:
-       Тартиб додани шиносномаи техникӣ -  212 адад;
-       Гирифтани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин – 382 адад;
-       Шаҳодатномаи бақайдгирӣ – 638 адад;
-       Гузаронидани тағйироти ҷорӣ – 1007 адад;
-       Ба гарав мондани молу мулки ғайриманқул – 164 адад;
-       Қабули мерос – 88 адад:
Дар ин давра аз Ҳукумати шаҳр, КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, мақомотҳои қудратӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ 761 адад мактубҳои характери маълумотӣ ва истеҳсолидошта ворид гардид ва ба суроғаи ташкилотҳои дар боло номбаршуда 891 адад мактуб содирот шуд.
Дар бойгонии корхона 20567 адад шиносномаҳои техникии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ мавҷуд мебошад.
     Бинои корхона ҳамасола таъмир мегардад ва дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад. Коллективи корхона барои омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз КДФ “Боғбунёд” 100 адад арчаи сузанбарг ва 120 адад гули садбарг харидорӣ намуда, дар кӯчаҳои Борбад ва Ҷ. Балхӣ шинонданд, ки айни ҳол аз ин шумора дарахтон 80% он сарсабз мебошанд.       
Дар корхона оиди қабули шаҳрвандон диққати махсус дода мешавад. Барои қабули шаҳрвандондар фасли зимистон дар утоқи қабули шаҳрвандон асбобҳои гармидиҳанда гузошта мешавад. Дар вақти тобистон дар ҷои қабули шаҳрвандон ҳавосардкунаки пуриқтидор гузошта шудааст. Ҷои нишасти шаҳрвандон бо курсиҳои қолинпӯш ҷиҳозонида шудааст.
Дар самти иҷрои нақшаи обуна барои соли 2017 корхона дар байни ташкилоту муассисаҳои шаҳр яке аз аввалинҳо шуда иҷрои онро таъмин намуд ва ба маблағи 5786 сомонӣ обуна гардид.
Дар дувоздаҳ моҳи соли равон барои дастгирӣ ва кӯмак расонидан ба оилаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ташкилотҳои хайриявии шаҳри Қӯрғонтеппа корхона чунин корҳои хайрхоҳонаро анҷом дод:
-         Тӯйи хатнасури 30-нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд – 12690 сомонӣ
-         Кӯмакпулӣ ба шаҳрванд Абдулхамидова М – 500 сомонӣ
-         Кӯмакпулӣ ба шаҳрванд Султонов М – 500 сомонӣ
-         Ташкилотҳои нобиноён, маъюбон ва кару гунгҳо – 1400 сомонӣ
-         Кӯмакпулӣ  ба муносибати иди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маъюби гурӯҳи 2 Саидов З – 500 сомонӣ
-         Кӯмакпулӣ ба шаҳрванд Маҳмудов Илҳомҷон гирифтори бемории касалии қанд – 300 сомонӣ
-         Кӯмакпулӣ ба иштирокчиёни ҶБВ – 700 сомонӣ
Дар маҷмӯъ ба маблағи 16710 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Дар таърихи 02.12.2016 сол аттестатсияи кормандони корхона аз тарафи комиссияи аттестатсионии Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Аз тарафи телевизиони Хатлон дар бораи фаъолияти кории корхона ва иҷрои нақшаву чорабиниҳо дар соли 2016 навори телевизионӣ бардошта шуд, ки директори корхона мӯҳтарам Камолов С. У. мухтасар баромад намуд.
Барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши худ ва баҳри баланд бардоштани сатҳи кордонӣ дар корхона мунтазам дарсҳои худомӯзӣ гузаронида мешаванд.
Коллективи корхона ҷамъбасти соли 2016-ро бо барзиёд иҷро намудани нақшаи истеҳсолӣ ва бо дастовезҳои муҳими меҳнатӣ ҷамъбаст намуд.
 
6.01.2017
Мутахассиси иттилоотӣ:
Сановбар Муродова
 

 

 

 

Суроғаи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи С. Мирзоев-24а

Tелефон: +(992) 3222-2-38-43
Почтаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.